Ҳудуди 200 низомии Узбакистон ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон омаданд
Қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон аз тамрингоҳи Тирмиз ба марзи Тоҷикистону Афғонистон омадаанд.
Ба нақл аз Тоҷвик, тақрибан 200 низомии Узбакистон барои тамриноти сеҷониба, ки дар наздикии марзи Афғонистон баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омадаанд.
Ин машқҳо аз 5 то 10 август дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон баргузор шуда, дар он низомиёни Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Қайд карда мешавад, ки низомиён аз тамрингоҳи Тирмиз омадаанд, ки тақрибан 200 километрро фаро мегирад. Пас аз расидан ба минтақаи машқ, хизматчиёни ҳарбӣ постҳои фармондеҳиро мустақар карданд ва ба муҷаҳҳаз кардани мавқеъҳои тирандозӣ идома доданд.
Дар марҳилаи асосии машқҳо иштирокчиён бояд амалҳои тактикиро барои несту нобуд сохтани як гуруҳи шартии мусаллаҳ, ки ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро убур кардааст, коркард кунанд.
Машқҳои сеҷониба дар пасманзари шиддат гирифтани вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон сурат мегиранд.
Бештар бихонед:
Истиқрори танкҳои артиши Русия дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Баргузории размоиш дар навоҳии марзии Тоҷикистон бо Афғонистон