Тавофуқи масъулони маориф барои баргузории нишасти муаллимони кишварҳои узви ИДМ
Ҳамоиши муаллимони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ин шашумин ҳамоише аст, ки вазирони маорифи кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Узбакистон ва Қирғизистон дар бораи баргузории он бо ҳам тавофуқ карданд.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин матлаб дар поёни нишасти маҷозии Муҳаммадюсуф Имомзода, Сергей Кравтсов, Шерзод Шермуҳаммадов ва Болат Копишов дар Донишгоҳи давлатии фанноварии Хуҷанд эълом шуд.
Вазирони маориф ва илми ин чаҳор кишвар моҳи октябри соли ҷориро ба унвони таърихи баргузории ҳамоиши муаллимони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе таъйин карданд.
Дар ин дидори тасвирӣ тарафайн дар бораи фиристодани муаллимони русӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, сохти мактабҳои нав, ҳамоҳангии барномаҳои омӯзишӣ ва роҳҳои табодули таҷриба гуфтугӯ карданд.
Ба гуфтаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин кишвар 150 маркази омӯзиши забони русӣ фаъол аст.
Дар соли ҷорӣ низ Тоҷикистон аз Русия дархост кардааст, ки 54 муаллими забони русӣ ба ин кишвар фиристад.
Бештар бихонед:
- Вогузории 2 гектар замин дар шаҳри Душанбе барои сохти мактаби русӣ
- Оғози сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон аз тобистони оянда