Назари мақомоти Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
(last modified Mon, 02 Aug 2021 14:58:29 GMT )
Август 02, 2021 19:58 Asia/Dushanbe
  • Назари мақомоти Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб надоранд.

Ба гузориши манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, дар ҳоли баррасии пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.

Мақомоти рус чанд соле аст, ки аз Тоҷикистон мехоҳанд, узви ин иттиҳод шаванд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт: То кунун барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавофуқе нашудааст.

Вай рӯзи дуҷуми август дар нишасти хабарӣ афзуд: Ин мавзуъ ҳанӯз дар ҳоли баррасӣ аст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор дошт, ин иттиҳод тоза таъсис шудааст ва барои ҳар кишваре, ки моил ба узвият аст, замон лозим аст то паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯро баррасӣ кунад.

Завқизода гуфт: Замони дақиқи тасмимгирии он мушаххас нест, зеро дар ин бора набояд зуд тасмимгирӣ шавад.

Мавзӯи даъват аз Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳафт сол аст, ки дар дастури кори ин ниҳод қарор дорад.

Айюб Эгамов, коршиноси тоҷики муқими Аврупо низ дар бораи мазоёи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфт: Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бипайвандад, коргарони муҳоҷир метавонанд аз мазоёи ин иттиҳод истифода кунанд.

Ӯ афзуд, ҳамчунин пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод метавонад сабаби коҳиши мизони қочоқи маҳсулот шавад.

 

Бештар бихонед: