Тавсеаи равобит - меҳвари дидори вазирони Тоҷикистон ва Туркманистон
Август 04, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Туркманистон дидор кард.
Ба гузориши “Форс”, Шералӣ Кабир, саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо Рашид Муродов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дар Вазорати умури хориҷаи Туркманистон дидор кард.
Дар ин дидор тарафайн ба тавсеаи бештари равобити Туркманистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ибрози алоқа карданд.
Ду вазир эълом карданд, сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ашкобод ангезаи ҷадиде барои тақвияти равобити дуҷонибаи сиёсиву дипломатӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона хоҳад дошт.
Бештар бихонед:
- Нишасти комиссияи муштараки Тоҷикистону Туркманистон
- Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон
Барчасп