Имзои 19 санади ҳамкорӣ-дастоварди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Дар поёни мулоқоту музокироти раисони ҷумҳӯри Тоҷикистону Туркманистон байни ду кишвар 19 санади нави ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф ба имзо расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар чорчӯби сафари расмии худ ба Туркманистон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳӯри ин кишвар дар қолаби дуҷонибаву васеъ дидору гуфтугӯ кард.
Раҳмон дар оғози ин дидор аз ҳамтои туркмани худ ба хотири даъват барои анҷоми сафари расмӣ ба ин кишвар ташаккур ва ҳимояти худро аз тавсеъаи ҳамаҷонибаи равобити дӯстона ва ҳамкорӣ бо Туркманистон иброз дошт.
Таъкид шуд ки таи солҳои истиқлол байни Тоҷикистону Туркманистон заминаи қобили эътимоди ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ба вуҷуд омадааст ва бар асоси ин дастовардҳо ҳамкории ду кишвар то сатҳи мушорикати стратегӣ афзоиш ёфтааст .Таи ин дидор маҷмӯи васеъе аз масоили феълии ҳамкории ду кишвар ҳамчунин теъдоде аз мавзӯъоти муҳими дастури кори минтақаӣ ва байналмиллалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .
Изҳори умедворӣ шуд, ки ҳамкории мутақобили судманд байни ду кишвар дар оянда низ ба нафъи мардуми бародари ду кишвар ба таври фаъол тавсеъа хоҳад ёфт .