1 миллиону 14 нафар дар Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт карданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71834-1_миллиону_14_нафар_дар_Тоҷикистон_ваксинаи_корона_дарёфт_карданд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, теъдоди афроде, ки дар кишвар ваксинаи корона дарёфт кардаанд, ба 1 миллиону 14 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2021 14:35 Asia/Dushanbe
  • 1 миллиону 14 нафар дар Тоҷикистон ваксинаи корона дарёфт карданд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, теъдоди афроде, ки дар кишвар ваксинаи корона дарёфт кардаанд, ба 1 миллиону 14 нафар расид.

Ба нақл аз Спутник, бар асоси барномаи ин вазорат қарор аст, то поёни соли 2021 дар Тоҷикистон 62 дарсади ҷамъияти наздик ба 10 миллион нафарии кишвар беш аз 5 миллион тан мебошад, ваксинаи корона дарёфт кунанд.

Бо расидани ваксинаи корона аз хориҷ ин раванд таи рӯзҳои ахир шитоби бештаре гирифтааст ва 7 август танҳо дар шаҳри Душанбе 7 ҳазор нафар ва ноҳияи Ваҳдат беш аз 2 ҳазор нафар, ваксинаи корона дарёфт кардаанд.

Бо кумаки ройгони ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ 4 миллион доза ваксинаи коронаи аз навъи CoronaVaс, AstraZeneca ва Moderna ба Тоҷикистон ирсол шудааст.

Бештар бихонед:

Кумаки молии давлати Тоҷикистон ба хонаводаҳои осебдида аз бемории корона