Август 09, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии пургол дар корномаи “Истиқлол”

Тими “Истиқлол” - и Тоҷикистон ба пирӯзии пургол даст пайдо кард.

Дар чорчӯби ҳафтаи чаҳордаҳуми Лигаи бартари Тоҷикистон, тими “Истиқлол “ -и Тоҷикистон ба масофи тими “Файзканд” -и ноҳияи Восеъ рафт.

Дар ин дидор тими “Истиқлол” - и шаҳри Душанбе тавонист бо натиҷаи чаҳор бар сифр ҳарифи худро аз пеши рӯ бардорад.

Ин ҳарифи осиёии “Персполис”, ки се бозии ба таъхирафтода дорад, бо касби ҳафтумин пирӯзии фасл 24 имтиёзӣ шуд ва бо ҳузур дар ҷойгоҳи дувуми ҷадвали Лигаи бартари Тоҷикистон, ба 4 имтиёзии садрнишинӣ расид.

Тими футболи “Истиқлол” - и Тоҷикистон пас аз садрнишинӣ дар гурӯҳи A –и Лигаи қаҳрамонон, бистусеюми шаҳривар дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии ин рақобатҳо бояд бо “Персполис” - и Эрон дидор кунад.

 

 

Барчасп