Шиносоии 68 бемори коронаии нав дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоиии 68 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон бо ҳисоби ин 68 бемори шиносоишуда теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 15 ҳазору 651 нафар расид, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 193 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ҳамчунин таи шабонарӯзи охир 74 нафар аз беморони гирифтор ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд .
Шумори фавтиҳои беморони коронаӣ низ бидуни сабти мавриди нав дар шабонарӯзи охир ҳамон 122 нафари қаблӣ аст .
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то кунун 1 миллиону 15 ҳазор нафар дар ин кишвар дозаи аввал ва 90 ҳазор тан низ дозаи дуввуми ваксинаи коронаро дарёфт карданд.