Шашумин иҷлоси вазирони кишоварзии кишварҳои узви СҲШ
Шашумин иҷлоси вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ба гузориши манобеи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, шашумин иҷлоси вузарои кишоварзии СҲШ 12 август ба сурати маҷозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар ин нишаст мақомоти бахшҳои чорводорӣ ва гиёҳпизишкии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад дар ин нишасти маҷозӣ роҳҳои тақвияти ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши кишоварзӣ баррасӣ шавад.
Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Ҳинд ва Покистон узви Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Шанхай ҳастанд.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир ва кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка низ шарикони иқтисодии ин созмон ҳастанд.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон раёсати давраии СҲШ - ро бар ӯҳда дорад.
Бештар бихонед:
- Дабири кулли СҲШ: Эрон дар ояндаи наздик узви Созмони Шанхай мешавад
- Мувофиқати Тоҷикистон бо узвияти комили Эрон дар Созмони Шанхай