Тавзеҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи тазриқи ваксинаи коронаи донишҷӯён
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i71926-Тавзеҳи_Вазорати_маориф_ва_илми_Тоҷикистон_дар_бораи_тазриқи_ваксинаи_коронаи_донишҷӯён
Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи зарурати тазриқи ваксинаи донишҷӯён барои ҳузур дар марокизи омӯзишӣ тавзеҳ дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2021 13:44 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи тазриқи ваксинаи коронаи донишҷӯён

Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар бораи зарурати тазриқи ваксинаи донишҷӯён барои ҳузур дар марокизи омӯзишӣ тавзеҳ дод.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Эҳсон Сафарзода гуфт: Дар ин маврид аз сӯйи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳеч дастуре содир нашудааст, аммо Ситоди кишварии мубориза бо бемории Ковид- 19 тавсия кардааст, ки донишҷӯён ҳатман барои ҳузур дар донишгоҳ ваксина тазриқ кунанд.

Бар асоси тасмими ин ситод бояд тамоми афроди болои 18 сол дар Тоҷикистон ваксинаи корона тазриқ кунанд ва фақат донишҷӯёне, ки гувоҳии тазриқи ваксинаи корона доранд, метавонанд дар дарсҳо ҳозир шаванд.

Масъулони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Тоҷикистон низ эълом кардаанд, донишҷӯёни ин маркази омӯзишӣ фақат бо доштани гувоҳии тазриқи ваксинаи корона ҳаққи вуруд ба донишгоҳро доранд.