Талоши Туркия барои афзоиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон
Туркия қасд дорад мизони муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонро ба 1 миллиарддоллар дар сол расонад.
Сафири Туркия дар Душанбе эълом кард, ки кишвараш қасд дорад мизони муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистонро ба 1 миллиарддоллар дар сол расонад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвек, Эмре Зеки Қарауғлӯ гуфтааст, ки дар соли 2013 ҳаҷми муомилоти тиҷории Туркия бо Тоҷикистон 665 миллиондоллар буд, ки дар 2020 ба далели густариши вируси корона ба 325 миллиондоллар коҳиш ёфт, ки акнӯн талош мешавад ин вазъ ислоҳ гардад.
Вай таъкид кард, ки мавзӯи густариши равобити тиҷории Туркия ва Тоҷикистон дар нишасти мақомоти иқтисодии Тоҷикистон бо Нодир Алпаслан, муовини вазири гардишгарии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин қарор аст, гурӯҳе аз сармоягузорони Туркия барои омӯзиши бозори Тоҷикистон дар замининаи таъсиси ширкатҳои муштарак барои сохти қатаоти худрав, дорусозӣ, энержӣ, фулузот, кишоварзӣ ва бофандагӣ ба Душанбе сафар кунанд.
Бештар бихонед:
- Сармоягузории 105 милиондолларии Туркия барои сохти нерӯгоҳ дар Ӯзбекистон
- Дидори вазири дифои Туркия бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистони дар шаҳри Душанбе