Август 11, 2021 09:04 Asia/Dushanbe
  • Қуръакашии фасли ҷадидии Лигаи минтақаии футболи Хатлон

Маросими қуръакашии фасли ҷадиди Лигаи минтақаии футболи Хатлон баргузор шуд.

Ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ин маросим Шарифов, муовини аввали ҳайати Федерасиюни футболи Хатлон ва намояндагони тимҳо ҳузур доштанд.

Тибқи муқаррароти ҳайати футболи минтақаи Хатлон, дар мусобиқоти имсол, тимҳои "Арал" ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, " Сарбанд" ( Леваканд) , "Хуросон" (Хуросон), " Нури Деҳот" (Панҷ ), " Дӯстӣ" (Ҷайҳун), "Кӯшон"(Кушониён), "Чашма" ( Шаҳритус), " Пахтакор" ( Қубодиён) , "Бишкент( Носири Хусрав) , "Дӯстӣ", " Кӯлоб"," Сарҳадчӣ" ( ноҳияи Ҳамадонӣ), "Андароб" ( Кӯлоб), " Шоҳин" ( Муминобод) ва ( Шамсиддн Шоҳин) ҳузур доранд.

Ба гуфтаи Бобоев, сухангӯи ҳайати футболи Хатлон, имсол ин мусобиқоти 10 август оғоз мешавад.

Ӯ афзуд, мусобиқоти футболи "Ҷоми раёсатҷумҳурии Тоҷикистон" дар минтақаи Хатлон ҳам дар октябр баргузор хоҳад шуд.