Август 11, 2021 11:29 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 4 дармонгоҳи сайёр аз Русия ба Тоҷикистон

Русия 4 дармонгоҳи сайёр ба Тоҷикистон ирсол кард.

Русия ин таҷҳизоти дармонӣ ва пизишкиро дар чорчӯби барномаи кумакҳои дармонӣ ба Тоҷикистон эҳдо кард.

Бо истифода аз ин дармонгоҳҳои сайёр ҳудуди 40 ҳазорнафар аз сокинони навоҳии дурдаст ва маҳруми Тоҷикистон аз имконоти дармонӣ бархӯрдор хоҳанд шуд.

Ба гузориши сомонаи шабакаи телевизиюнии “Мир24”, дар ин дармонгоҳо таҷҳизоти тасвирии ташхиси беморон ва хадамоти дандонпизишкӣ анҷом мешавад.

Андрей Широков, мудири барномаи тарҳҳои Сандӯқи рушди Авруосиё гуфт, ин ниҳод ҳазинаи хариди ин дармонгоҳҳоро таъмин карда ва дар ояндаи низ ба Тоҷикистон озмоишгоҳҳои сайёри ташхиси вируси корона эҳдо хоҳад кард.

Вай афзуд, пеш аз ин аз эътибороти Сандӯқи рушди Авруосиё ба кормандони марказҳои дармонии вилоятҳои Суғд ва Хатлон барои фаъолият дар дармонгоҳҳои сйёр омузиш дода шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп