Август 11, 2021 20:08 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти варзишкорону собиқадорони варзишӣ дар вилояти Хатлон

Бо ҳузури теъдоде аз варзишкорону пешкисватон (собиқадорон) -и варзишӣ маросиме дар минтақаи Хатлон баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи хабарии вилояти Хатлон, дар ин гирдиҳамоӣ Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилоят ва Фариза Абдуллоҳзода, раиси Идораи варзиши минтақаи Хатлон ҳузур доштанд.

Фирӯза Шарифӣ дар ин маросим гуфт: Тарғиби мардум ба варзиш ва анҷоми иқдомоти ташвиқӣ барои ниҳодина кардани варзиш дар байни сокинони кишвар аз сиёсатҳои давлат аст.

Ӯ афзуд: Барои тарвиҷи варзишҳои баскетбол, валейбол, қойиқронӣ дар байни ҷавонон иқдомоти зиёде дар Хатлон иҷро шудааст.

Дар поёни ин маросим ба собиқадорон ва мураббиёне, ки дастовардҳои варзишӣ доштанд, лавҳи сипос ва ҷоизаҳо эҳдо шуд.