Афзоиши мизони содироти маҳсулоти нассоҷӣ аз Тоҷикистон
Август 12, 2021 09:36 Asia/Dushanbe
Дар 6 моҳи аввали имсол 111 миллиондоллар маҳсулоти нассоҷӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои мухталиф содир шуд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон 70 дарсад мавод хом ва маҳсӯлоти нассоҷии содир шуда аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар нахи панба будааст.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон мизони содироти маҳсӯлот ва маводи хоми нассоҷӣ аз оғози имсол токунӯн нисбат ба муддати мушобеҳи сол қабл 1.5 баробар афзоиш доштааст.
Ҳамчунин дар 6 моҳи аввали имсол ҳудӯди 43 милилион доллар анвои мансуҷот аз кишварҳои мухталиф ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки ин мизон 27дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2020 рушд дорад.