30 сентябр-охирин муҳлати сабти номи коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷик дар Русия
Дафтари намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷик ҳушдор дод, ки рӯзи 30 сентябр-охирин муҳлати сабти ном(номнависи)и онон дар Русия мебошад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар баёнияи ин ниҳод таъкид шудааст, ки агар ин афрод то ин муддат натавонанд ҳузури хеш дар Русияро сабт ва қонунӣ гардонанд, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд .
Аз ин рӯ аз тамоми коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷик дархост шудааст, ки бо муроҷиат ба намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати вобаста ба вазорати дохилаи Русия ҳузур худро сабт ва бо пардохти маблағи иҷозатномаи кор ва иқомат аз ихроҷ шудан аз қаламрави ин кишвар ҷилавгирӣ кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ Александр Горовой-муовини вазири дохилаи Русия теъдоди коргарони муҳоҷири ғайримуҷози тоҷикро 247 ҳазор нафар унвон карда буд .
Вай ҳушдор дода буд, ки ин афрод бояд бо ҳамкории мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон то 30 сентябри соли ҷорӣ иқомати худ дар Русияро расмӣ кунанд; дар ғайри ин сурат аз ин кишвар ихроҷ мешаванд ва марзҳои Русия ба рӯйи онҳо баста хоҳад шуд.
Бештар бихонед :