Қарзи маошҳои пардохтнашуда дар Тоҷикистон ба беш аз 57 миллион сомонӣ расид
Вазири кору муҳоҷирати Тоҷикистон аз қарзи 57 миллиону 713 ҳазор сомонии корхона ва ширкатҳо дар ин кишвар таи ҳашт моҳи соли ҷорӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Ширин Амонзода гуфтааст, ки маҷмӯи қарзи 75 корхонаву ширкат дар Тоҷикистон бобати маошҳои пардохтнашуда ба 14080 коргару корманд то авоили моҳи августи соли ҷорӣ 57 миллиону 713 ҳазор сомониро ташкил мекунад.
Вай таъкид кардааст, ки 80 дарсади ин қарзҳо саҳми саноъати коркарди маъдану фулузот ва сохтмон мебошад .
Чунончӣ корхонаи маъданҳои кӯҳии Адрасмон 12 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, ширкати ТАЛКО 10 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ширкати ҳавопаймоии Тоҷикэйр 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва ширкати сохти нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба коргарони хеш қарздор мебошанд .
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси омори расмии миёнгини маошу дастмузди моҳона дар Тоҷикистон 1522 сомонӣ ( муодили 134 долар ) ва ҳадди аққали он 400 сомонӣ ( 35 долар ) мебошад .
Аммо ин нишондод дар Қазоқистон 470 доллар, Туркманистон 235 доллар, Узбекистон 230 доллар ва Қирғизистон 220 доллар аст .
Бештар бихонед :