Шиносоии 67 бемори коронаии нав дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72112-Шиносоии_67_бемори_коронаии_нав_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 67 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 14, 2021 15:07 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 67 бемори коронаии нав дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 67 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон бо эҳтисоби ин 67 бемори шиносоишуда, теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 15 ҳазору 997 нафар расид, ки аз ин теъдод 15 ҳазору 593 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Ҳамчунин таи шабонарӯзи ахир 84 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд .
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ низ бидуни сабти мавриди ҷадид дар шабонарӯзи ахир ҳамон 123 нафари қаблӣ аст .
Аз сӯи дигар Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тазриқи воксани корона ба 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар дар ин кишвар то рӯзи 13 август  хабар дод . Ҳамчунин ба беш аз 130 ҳазор нафар дар ин кишвар дозаи воксани корона тазриқ шудааст .



Бештар бихонед :