Август 15, 2021 10:45 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикҳо дар мақоми дувуми дарёфти шаҳрвандии Русия ҳастанд
    Тоҷикҳо дар мақоми дувуми дарёфти шаҳрвандии Русия ҳастанд

Вазорати дохилаи Русия эълом кард, ки таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 44 ҳазор тоҷик шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар радифи нахусти дарёфти тобеъият(шаҳрванди)и русӣ дар ин муддат шаҳрвандони Украина қарор доранд ва тоҷикҳо дар мақоми дуввум воқеъ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ 351 ҳазору 600 хориҷӣ ба тобеъияти Русия даромадаанд .
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 беш аз 64 ҳазор нафар аз тоҷикҳо тобеъияти он кишварро дарёфт кардаанд . Дар соли 2019 беш аз 44 ҳазор нафар тоҷик шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд .

Генерал Валентина Казакова-мудири идораи умӯри муҳоҷират дар вазорати дохилаи Русия қаблан гуфта буд бар асоси қонуни ҷадид замони баррасии дархости хоҳишмандони дарёфти тобеъияти ин кишвар ба се моҳ коҳиш дода шудааст ва мутахассисон дар авлавияти дарёфти тобеъият қарор доранд .
Аз дидгоҳи  Ольга Чудиновских -устоди риштаи иқтисоду ҷамъият дар Донишгоҳи давлатии Маскав далели асосии афзоиши мутақозиёни дарёфти тобеъияти Русия аз Тоҷикистон дар солҳои ахир вуҷуди созшномаи душаҳрвандӣ миёни Душанбе ва Маскав аст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистони ва аъзои хонаводаҳои онон заминаи муҳоҷират ба Русия барои кору зиндагиро фароҳам месозад.



Бештар бихонед :

 

Барчасп