Тавқифи ду мошин бо ангиштсанги қочоқӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
(last modified Sun, 15 Aug 2021 06:08:38 GMT )
Август 15, 2021 11:08 Asia/Dushanbe
  • Пас аз даргириҳои 28-29 апрел марзи ду кишвар ҳамчунон бастааст
    Пас аз даргириҳои 28-29 апрел марзи ду кишвар ҳамчунон бастааст

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз тавқифи ду мошин бо ангиштсанги қочоқӣ хабар дод, ки қарор буд ба Тоҷикистон мунтақил шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қирғизии 24.kg , гуруҳе аз марзбонони Қирғизистон ҳангоми гаштзанӣ дар марзи муштараки ноҳияи Ботканд бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон, мутаваҷҷеҳи боргирии мошинҳо шуданд, ки пас аз баррасӣ мушаххас шуд қочоқчиёни маҳаллӣ талош доштанд 7 тон ангиштсангро ба Тоҷикистон мунтақил кунанд .
Арзиши ин миқдори ангиштсанги қочоқӣ 29 миллион соми қирғизӣ эълом шудааст .
Ронандаи яке аз ин мошинҳо, ки шаҳрванди Қирғизистон аст боздошт ва ду василаи нақлия низ тавқиф шудааст .
Ихтилофи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар паи даргирии рӯзҳои 28-29 апрели соли ҷорӣ, ки муҷиби кушта шудани 55 нафар ва захмӣ шудани наздик ба 300 тан аз низомиён ва сокинони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд шуд, ташдид шуд ва пас аз он марзҳои ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ монд .
Аммо талоши гурӯҳҳои қочоқчӣ барои интиқоли сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон идома дорад .



Бештар бихонед :