Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркия
Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркия дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон гуфтугӯ карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин бо Мавлуд Човушуғлу-вазири умӯри хориҷаи Туркия телефонӣ гуфтугӯ кард .
Дар ин гуфтугӯ вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд .
Тарафҳо ҳамчунин дар бораи тақвияти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ ва омӯзишу парвариш ройзанӣ карданд .
Ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ аз дигар баҳсҳои матраҳшуда дар ин гуфтугӯ буд .
Бештар бихонед :
- Талоши Туркия барои афзоиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон
-
Дидори вазири дифои Туркия бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистони дар шаҳри Душанбе