Август 19, 2021 19:04 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркия

Вазирони хориҷаи Тоҷикистону Туркия дар бораи вазъияти кунунии Афғонистон гуфтугӯ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддини Муҳриддин бо Мавлуд Човушуғлу-вазири умӯри хориҷаи Туркия телефонӣ гуфтугӯ кард .
Дар ин гуфтугӯ вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд .
Тарафҳо ҳамчунин дар бораи тақвияти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ ва омӯзишу парвариш ройзанӣ карданд .
Ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмиллалӣ аз дигар баҳсҳои матраҳшуда дар ин гуфтугӯ буд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп