Август 20, 2021 20:21 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳаждаҳумин нишасти Шӯрои вазирони фарҳанги Шанхай дар Душанбе

Ҳаждаҳумин нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз дар шаҳри Душанбе ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Ба гузориши “Форс”, ҳаждаҳумин нишасти вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ имрӯз ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар қолаби видеоконфронс барпо шуд.

Дар ин ҷаласа вазирони фарҳанги Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва ҳамчунин дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат карданд.

Нишасти мазкур таҳти раёсати Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни он вазъияту дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи фарҳанг баррасӣ шуд, зимни ин ки дар хусуси иҷрои тавофуқоти байнидавлатии кишварҳои узв дар заминаи фарҳангу тавофуқоти иҷлосҳои қаблии вузарои фарҳанги кишварҳои узви ин созмон табодули назар сурат гирифт.

Тарафайн аз тавсеаи бештари равобити фарҳангии дуҷониба ва чандҷониба дар чорчӯби Шанхай, ки ба тақвияти дарки мутақобил байни мардум, ҳифзи танаввуи фарҳангҳо, эҳтироми мутақобил ва афзоиши огоҳӣ дар мавриди суннатҳову одобу русуми мардуми сокин дар фазои Шанхай кумак мекунад, ҳимоят карданд.

Дар мавриди эҷоду тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи фарҳангӣ бо кишварҳои нозири Шанхай ва шурако гуфтугӯ ва ибрози омодагӣ шуд.

Ҳамчунин дар хусуси баргузории нишасти баъдии Шӯрои вузарои фарҳанги кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2022 мелодӣ дар Узбакистон тавофуқ ҳосил шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп