Август 22, 2021 09:12 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи Ҳизби демократи Тоҷикистон дар пайи иқдомоти Толибон дар Афғонистон

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз мақомоти Созмони Миллали Муттаҳид хост ҷиноёти Толибон алайҳи тоҷикҳо дар Афғонистонро наслкушӣ эълом кунанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Поюс, Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳамчунин аз давлат ҳам хост сафоратхонаҳои кишварҳоеро, ки қарор аст ин гурӯҳро ба расмият бишносандро ба нишонаи эътироз таътил кунад .
Демократҳои Тоҷикистон ба вижа хостаанд " Сафоратхонаҳои кишварҳои Покистону Қатарро, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд " таътил кунанд .
Ҳизби демократи Тоҷикистон дар баёнияи бесобиқа, ки ба намояндагӣ аз шӯрои сиёсии ин ҳизб дар сафҳаи Фейсбуки раиси ҳизб мунташир шудааст, аз давлати Тоҷикистон хостааст ки Толибонро ба расмият нашиносад ва аз тоҷикон дар Афғонистон ҳимоят кунад .
Ҳизби Демократ дар идомаи баёнияи худ эълом кард, ки Толибон гурӯҳи фурсатталабе аст, ки бо ҳимояти кишварҳои зинафъ  қудратро дар Афғонистон дар даст гирифт .
Ҳизби демократи Тоҷикистон дар баёнияи худ овардааст: Мо мардуми Тоҷикистон аз кушторҳову ҷиноёти Толибон бисёр нороҳат ҳастем, зеро бештари ҳамзабонони мо дар ин кишвар ҳастанд, мо набояд фаромӯш кунем ки ин кишвар меҳани торихии миллати мо аст .
Дар идомаи баёния омадаастқдомоти гурӯҳи Толибон ба вижа дар манотиқи тоҷикзабон мухаррибу мисоли наслкушӣ аст . Шӯрои сиёсии ҳизби Демократ аз Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башарӣ мехоҳад, то иқдомоти Толибон алайҳи мардуми тоҷик ва форсизабони Афғонистонро наслкушӣ эълом кунад .
Ҳизби демократи Тоҷикистон дар баёнияи худ аз иқдомоти " ваҳшиёнаи Толибон " ва сукути созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башарӣ ва кишварҳое,ки иддао мекунанд нигаҳбонони демокросӣ ҳастанд дар баробари ин иқдомот ибрози нигаронӣ кард .
Демократҳо аз Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон хостанд шароити лозимро барои муҳоҷирини афғонистонӣ, ки ба Тоҷикистон ниёз доранд эҷод кунанд ва ҳамаи тадобири лозимро ба сурати ройгон дар ихтиёри онҳо қарор диҳанд .

 

Барчасп