Дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ  бо Қоҳир Расулзода
(last modified Thu, 03 Nov 2016 14:04:28 GMT )
Ноябр 03, 2016 19:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ  бо Қоҳир Расулзода

Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар дидор бо нахуствазири Тоҷикистон ба идома ва афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви созмони Шанхай дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо нахуствазири Тоҷикистон дидор кард.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо ишора ба пайвандҳои таърихию фарҳангӣ миён ду кишвар ба идома ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар таъкид кард. Нахуствазири Тоҷикистон дар суҳбати худ ба интиқоли нерӯи барқ, пайваст шудани Афғонистон ба роҳи оҳан, густариши додугирифти тиҷорӣ миёни ду кишвар, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин афзоишу тақвияти бозорҳои марзӣ миёни ду кишвар таъкид кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо сипос аз кӯмаку равобити Афғонистону Тоҷикистон дар мавриди тарҳи интиқоли нерӯи барқ, амалӣ шудани лоиҳаи КАСА-1000, васл намудани Афғонистон ба роҳи оҳани байналамилалӣ ба баҳсу табодули назар бо нахуствазири Тоҷикистон пардохта, ҳамчунин аз фароҳам шудани заминаи таҳсил барои донишҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон қадрдонӣ кард.