Шиносоии 49 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72426-Шиносоии_49_бемори_коронаии_ҷадид_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 49 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар кишвар шиносоӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 22, 2021 10:26 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 49 бемори коронаии ҷадид дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, 49 бемори коронаии дигар дар 24 соати гузашта дар кишвар шиносоӣ шуданд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 49 бемор, теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 16 ҳазору 423 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 174 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Бар асоси ин гузориш, тайи шабонарӯзи ахир 68 нафар аз беморони мубтало ба Ковид- 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд.

Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.

Ҳамчунин Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то кунун дар ин кишвар 1 миллиону 55 ҳазору 958 нафар дозаи нахуст ва 212 ҳазор тан низ дозаи дувуми ваксинаи корона тазриқ карданд.

 

Бештар бихонед: