Шаҳри Душанбе мизбони марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти футболи бонувонм Ҷоми миллатҳои Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i72432
Шаҳри Душанбе ба унвони мизбони марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти футболи бонувони Ҷоми миллатҳои Осиё – 2022 интихоб шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 22, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Душанбе мизбони марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти футболи бонувонм Ҷоми миллатҳои Осиё

Шаҳри Душанбе ба унвони мизбони марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти футболи бонувони Ҷоми миллатҳои Осиё – 2022 интихоб шуд.

Ба гузориши Федератсияи Футболи Тоҷикистон, бар асоси эъломи Конфедератсияи Футболи Осиё (AFC) ин мусобиқот дар гурӯҳи B бо ширкати тимҳое аз кишварҳои Ветнам, Тоҷикистон, Молдова ва Афғонистон аз 24 то 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ҳамчунин аз 25 то 30 сентябр мусобиқоти гурӯҳи C бо ҳузури тимҳое аз кишварҳои Сингапур, Ироқ ва Индонезия дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ҳиндустон мизбони мусобиқоти футболи бонувони Ҷоми миллатҳои Осиё -2022 аст.