Август 25, 2021 13:34 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо мушакҳои “Корнет”

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо мушакҳои “Корнет” таҷҳиз шуд.

Ба гузориши “Форс”, Русия пас аз таҳаввулоти Афғонистон, пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро бо мушаки ҳидоятшавандаи зиддитанки “Корнет” муҷаҳҳаз кард.

Минтақаи низомии марказии Русия бо эъломи ин хабар гуфт: Ин мушакҳо аз насли ҷадиди силоҳҳои зиддизиреҳӣ ҳастанд, ки тавони инҳидоми аҳдофи заминӣ ва ҳавоӣ, аз ҷумла чархбол ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро низ доранд.

“Корнет” бар хилофи дигар мушакҳои зиддитанк, аз ҳидояти симӣ истифода намекунад, балки бо партави лазер ба сӯйи ҳадаф ҳаракат мекунад ва дар масофатҳои 100 то 5500 метрӣ короӣ дорад.

Пойгоҳи 201 Русия, мустақар дар Тоҷикистон бо 7 ҳазор нерӯ, бузургтарин пойгоҳи низомии бурунмарзии Русия аст ва бинобар тавофуқи мақомоти ду кишвар то соли 2042 мелодӣ дар хоки Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: