Президенти Тоҷикистон рӯи иштироки тоҷикон дар ҳукумати фарогири Афғонистон таъкид кард
(last modified Wed, 25 Aug 2021 10:56:20 GMT )
Август 25, 2021 15:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон, ба вуруди тоҷикони Афғонистон ба ҳукумати ҷадид таъкид кард ва ёдовар шуд, ки тоҷикон беш аз 46 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои сулҳи Афғонистон пешниҳод кард.

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ ояндаи Афғонистон ва ташкили ҳукумати ҷадиди ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки далелҳо возеҳ нишон медиҳанд, ки Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкили ҳукумати муваққати интиқолӣ бо ширкати васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон ҳама гуна қатлу куштор, беқонунӣ, ғорат ва таъқибу зулм алайҳи мардуми Афгонистон, ба хусус тоҷикон, узбекон ва дигар ақвоми ин кишварро қотеона маҳкум менамояд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии Афғонистон, бояд ҳарчӣ зудтар ҳукумати фарогир бо ширкати ҳамаи ақвоми ин кишвар, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 дарсади мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Дар ин суҳбат таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукуматеро, ки дар ин кишвар аз роҳи зулму таъқиб, беназардошти мавқеи кулли мардуми Афгонистон таъсис дода шавад, эътироф нахоҳад кард. Инчунин таъкид гардидаст, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Вазири умури хориҷии Покистон, ки феълан дар Душанбе қарор дорад, қаблан изҳор дошта буд, ки ба кишварҳои минтақа сафар мекунад ва даъват кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Толибон вориди музокира шаванд.