Август 25, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Ӯзбакистон

Тоҷикистон тайи 7 моҳи соли ҷорӣ содироти барқ ба Афғонистон ва Ӯзбакистонро афзоиш дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, тайи 7 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон 55 миллион доллар барқ содир шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 ҳудуди 25 дарсад бештар шудааст.

Гуфта мешавад, ки фақат дар июли соли ҷорӣ ба ин ду кишвар аз Тоҷикстон 18 миллион доллар барқ содир шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2020 Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон 56 миллиону 400 ҳазор доллар барқ содир кард.

Мақомоти Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон эълом карданд, бо вуҷуди тасаллути Толибон бар Афғонистон содироти барқ ба кишвари ҳамсоя идома дорад.

Бар асоси тавофуқи дуҷониба, Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст имсол 1 миллиарду 500 миллион киловатт соат барқ ба Афғонистон содир кунад.

 

Бештар бихонед: