Ноябр 04, 2016 21:35 Asia/Dushanbe

Як ҳайат аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҷамъе аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр” ва “Сомон-эйр” имрӯз, 4-уми ноябр бо ҳадафи музокира бо ҳамтоёни руси худ ба Маскав сафар карданд.

Шералӣ Ганҷализода, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳалӣ гуфтааст, ки  ҳайати ин вазорат талош хоҳад кард дар ин музокирот аз манофеи ширкатҳои тоҷикистонӣ дар бозори ҳавонавардӣ ҳимоят кунад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ дар сомонаи ин вазорат таъкид кардааст, ки тибқи созишномаи байнидавлатӣ миёни ин кишвар ва Русия аз соли 1997 аз фурӯдгоҳи Душанбе дар ҳафта 14 парвозро ширкатҳои тоҷикӣ ва ҳамин миқдорро ширкатҳои русӣ анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин аз фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳафта ширкатҳои тоҷикӣ ва русӣ баробар 7 парвозӣ анҷом медиҳанд.

Аммо дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки  аз фурӯдгоҳҳои шаҳри Кӯлоб  ва  Қӯрғонтеппа танҳо ширкатҳои русӣ ҳамарӯза парвоз мекунанд.

Бо назардошти ин, ба гуфтаи масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин кишвар бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ҳеҷ мушкиле надошта, баръакс дар ин арса ба онҳо афзалият додааст.

Ҳамзамон дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки давлати Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ то охири мавсими зимистони солҳои 2016-2017 иҷоза додааст. Дар ҳоле ки ҷониби Русия  барои парвози ширкатҳои ҳавопаймои тоҷикӣ танҳо то 8-уми ноябри соли ҷорӣ  муҷаввиз содир кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта расонаҳои русӣ навиштанд, ки вазорати нақлиёти Русия масъалаи қатъи иртиботӣ ҳавоӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Манобеи Вазорати нақлиёти Русия гуфтаанд, ки эҳтимол аз 8-уми ноябри соли ҷорӣ ҳама гуна парвози ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар мутаваққиф шавад.

Тибқи иттилои манобеи мазкур, ин тасмими Маскав дар пайи сарпечии мақомоти Тоҷикистон аз мувофиқат барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз фурӯдгоҳи ҷадиди Жуковский дар атрофи шаҳри Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд будааст.

Аммо масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтаанд, ки  мушкили аслӣ ин аст, ки дар пешниҳоди парвози ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи ҷадиди Жуковский манфиати ширкатҳои ҳавоии тоҷикистонӣ нодида гирифта шудааст.

Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе гузориш медиҳад...