Шиносоии 40 бемори коронаии нав дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард : 40 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта дар кишвар шиносоӣ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон бо ҳисоби ин 40 бемор теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон то кунун ба 16 ҳазору 778 нафар расида, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 618 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Бар асоси ин гузориш таи шабонарӯзи охир 48 нафар аз беморони мубтало ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дармон шуданд .
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди нав ҳамон 124 нафар аст . Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамолиддин Абдуллоҳзода-вазири тандрустии Тоҷикистон эълом кард бо тазриқи воксани корона ба афроди болои 18 сол дар ин кишвар заминаи коҳиши қобили мулоҳизаи мубталоён ба Ковид 19 фароҳам хоҳад шуд .
Бештар бихонед :
- Сабти бештарини омори марги ношӣ аз корона дар як рӯз дар Покистон ва афзоиши омор дар Афғонистон
-
Тардиди Созмони Милали Муттаҳид дар дурустии омори фавтҳои корона дар Тоҷикистон
-
6 ҳазор нафар охирин омори мубталоён ба Корона дар тоҷикистон