Сентябр 08, 2021 14:13 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти дубораи Бонки миллии Қазоқистон дар Тоҷикистон

Бонки миллии Қазоқистон фаъолияти худро дар Тоҷикистон азсар мегирад.

Шӯрои мудирони Бонки миллии Қазоқистон эълом кард, фаъолияти шуъбаи ин ниҳод дар Тоҷикистон мавсум ба «Бонки халқ», ки 5 август имсол қатъ шуда буд, азсар гирифта мешавад.

Ба гузориши сомонаи «ТОП Тҷ», масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон аз ин тасмими Шӯрои мудирони Бонки миллии Қазоқистон истиқбол кардаанд.

Ба гуфтаи фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон, фаъолияти ин бонки қазоқистонӣ дар Душанбе ба нафъи онон буд, зеро Бонки халқи Қазоқистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шуъба дошт ва дар замони камбуди шадиди арз манобеи молии мавриди ниёзи бахши хусусии Тоҷикистонро барои муомилоти тиҷорӣ бо кишварҳои хориҷӣ фароҳам мекард.

Яке аз мақомоти ин банки қазоқистонӣ дар Душанбе иллати тасмими қаблӣ барои қатъи фаъолияти ин ниҳоди молӣ дар Тоҷикистонро таҳқиқу баррасии беш аз андозаи Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард.

Вай бидуни ифшои номи хеш гуфт: Бонки миллии Тоҷикистон соли гузашта 15 бор аз шуъбаи ин бонк бозрасӣ кард.

Фаъолияти ин шуъбаи бонки қазоқистонӣ дар Тоҷикистон аз соли 2017 бо сармояи аввалияи 35 миллион сомонӣ оғоз шуд.

 

 

 

 

Барчасп