Сентябр 13, 2021 11:53 Asia/Dushanbe
  • Яҳё Гулмуҳаммадӣ-омодаи баррасии пешниҳоди сармураббигарии дастаи миллии футболи Тоҷикистон

Сармураббии тими Персполис эълом кард, ки омодаи баррасии пешниҳоди сармураббигарии тим(даста)и миллии футболи Тоҷикистон мебошад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Яҳё Гулмуҳаммадӣ гуфтааст ки дар сурати чунин пешниҳод аз сӯи Федерасиюни футболи Тоҷикистон омодагӣ дорад ин мавзӯро мавриди баррасӣ қарор диҳад .
Вай таъкид кардааст ки бо тими Персполис ҳануз як соли дигар қарордод дорад, аммо дар сурати ҷиддӣ будани пешниҳоди Федерасиюни футболи Тоҷикистон барои сармураббигарии тими миллии футболи ин кишвар омодаи баррасии ин мавзӯ мебошад .
Дар ҳоли ҳозир тими миллии футболи Тоҷикистон шаш моҳ аст, ки сармураббӣ надорад .
Тими Истиқлоли Тоҷикистон аз соъати 19 30 дақиқаи сешанбе 14 сентябр, дар чорчуби марҳалаи ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё ва дар шаҳри Душанбе мизбони Персполиси Эрон хоҳад буд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп