Сентябр 14, 2021 11:01 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Заруратҳои таомулоти Эрон ва Тоҷикистон

Нахустин сафари хориҷии Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ҷиҳати ширкат дар иҷлоси Шанхай дар авохири шаҳривармоҳ ба кишвари Тоҷикистон хоҳад буд, аз ин рӯ зарурӣ аст, таъомулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимои ду кишвар дар солҳои ахир пеш аз ин сафар ва бо ҳадафи барномарезӣ ҷиҳати иртиқои равобити дуҷониба мавриди баррасии дақиқтаре қарор гирад.

Самту сӯи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар интихоботи 1400 аз сӯи мунтахаби миллат (ҳуҷҷатулислом Саидиброҳими Раисӣ), дар нахустин нишасти хабарии вай то ҳудӯде баёнгари ин нукта буд, ки давлати ҷадид, тавозун дар сиёсати хориҷиро ба маънои таомул бо Ғарб дар қолаби иззатмандона ва муқтадирона ва бо ҳадафи тазмини манофеъи миллӣ аз яксӯ  ва ҳамкорӣ бо шарқ ва хусӯсан ҳамсоягон ба шакли дӯстона аз сӯи дигарро дар зумраи барномаи сиёсати хориҷии давлати сездаҳум қарор хоҳад дод.

Дар миёни ҳамсоягони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикистон ба унвони кишваре, ки дар қалби Осиёи Марказӣ қарор дорад ва бо вуҷӯди иштирокоти фарҳангӣ- таърихӣ, дорои аҳаммият баназар мерасад ва барои иртиқои ҷойгоҳи он лозим аст ба осебшиносӣ дар равобити тарафайн пардохт.

Бо тавваҷӯҳ ба инки нахустин сафари хориҷии раиси Ҷумҳурии муҳтарами Эрони исломӣ ҷиҳати ширкат дар иҷлоси Шанхай дар авохири шаҳривармоҳ ба кишвари Тоҷикистон хоҳад буд, зарурист, таомулоти ду кишвар дар солҳои ахир пеш аз ин сафар ва бо ҳадафи барномарезӣ ҷиҳати иртиқои равобити дуҷониба мавриди баррасии дақиқтаре қарор гирад.

Чуноне, ки аз изҳороти раиси Ҷумҳури Исломии Эрон низ токунӯн баромада, Тоҷикистон яке аз меҳварҳои муҳимми таомулоти Эрон бо ҳамсоягон маҳсӯб мешавад ва дар ҳамин росто раисиҷумҳури Эрон бо чунин уфуқи нигоҳе дар дидор бо Муҳаммадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси Тоҷикистон, дар аввалин рӯзҳои шаклгирии давлати сездаҳум равобити ду кишварро муттакӣ бар ҳамдилӣ ва ҳамзабонӣ донистанд ва равобити Теҳрону Душанберо фаротар аз равобити оддии ду кишвар бо якдигар унвон карданд, ки бояд бо иттико ба наздикиҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ, барои иртиқои сатҳи ин равобит гомҳои ҷиддӣ бардошта шавад.

Бо тавваҷӯҳ ба таҳаввулоти ин рӯзҳои Афғонистон ва мушкилоти амниятӣ атрофи ин масъала, тавсеаи равобити Эрон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари форсизабон ин рӯзҳо дорои аҳаммияти фаровон қаламдод мегардад, чаро ки ноамниҳои имрӯзи Афғонистон, ки реша дар дахолатҳои бегонагон дар ин кишвар дорад, ба нафъи ҳеҷ кас нест ва Эрону Тоҷикистон қатъ ба яқин бояд барои рафъи ин нигаронии муштарак дар арсаи дуҷониба ва байналмилалӣ ҳамкориҳои наздикитареро бо якдигар дошта бошанд.

Равобити Эрону Тоҷикистон ҳамвора бар меҳвари дин, забон, фарҳанг, таъриху тамаддуни муштарак бино шуда ва зарфиятҳои зиёде барои густариш дорад, ки мебоист ба наҳви аҳсан аз ин зарфиятҳо баҳра ҷӯст.

Дар хусӯси аҳаммияти таомулоти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни ду кишвари дӯсти Эрону Тоҷикистон бо тавваҷӯҳ ба наздикиҳои фарҳангӣ, забонӣ ва решаҳои таърихӣ ва ҳувиятии ошкори ду миллат шакке нест, ки пайвандҳо ва таомулот байни ду кишвар амре ногусастанӣ ва иҷтинобнопазир аст ва ҳамвора ин таомул миёни ду миллату давлат бо эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои мутақобил миёни ин ду ҳамсояи қадимӣ вуҷӯд доштааст, аммо ин таомулот дар буъди иқтисодӣ бар асоси оморҳо ва ҳамчунин баррасиҳо барои расидан ба сатҳи матлӯб фосилаи маънодоре дорад, ки лозим аст, дар ин сафар ба сӯрати ҷиддитар ва амиқтар ин сатҳ аз таомулот низ ба сӯрати ҳамкориҳои ҷиддитар миёни ин ду кишвар бистарҳои он ба сӯрати амалитаре фароҳам гардад. Зеро мизони таомулоти иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳикоят аз ҷойгоҳи на чандон матлӯби Эрон дар миёни шарикони тиҷории Тоҷикистон аст, ки далоили мутааддиде дорад, хусӯсан онки дар соли ахир мутаассир аз буҳрони корона низ будааст. Бо ин ҳол, дар ин росто метавон бар ин нукта таъкид дошт, ки Тоҷикистон тасҳилоти вижаеро барои сармоягузорон дар ин кишвар хусӯсан дар манотиқи иқтисодӣ ҳамроҳ бо муъофияти молиётӣ дар назар дорад, ки ин амр метавонад дар мизони муровидоти ду кишвар таъсиргузор бошад, зеро Эрон пас аз Чин, Русия ва Англия бо 64/8 дарсад аз саҳми сармоягузорӣ, чаҳорумин сармоягузори Тоҷикистон дар соли 2019 будааст. Бояд тавваҷӯҳ дошт, ки заминаҳои ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон, аз танаввуъи нисбатан хубе бархӯрдор аст.

Яке аз ин заминаҳои мусоид, ҳамкориҳои ҳавзаи иртиботот ва ҳамлу нақл аст. Бо тавваҷӯҳ ба инки Тоҷикистон кишваре маҳсӯр дар хушкист ва дар масири Роҳи Абрешим қарор дорад, Эрон метавонад пули иртиботии хубе аз тариқи Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон ё Тоҷикистон, Туркманистон ва Чин бошад. Дар ин замина, анҷоми парвозҳои мустақим байни Душанбе бо Теҳрон ва Машҳад, ҳамоҳангии гумрукӣ ва транзитӣ байни Эрону Тоҷикистон бо кишвари Туркманистон (ба унвони ҳалқаи восита ва иртиботӣ) барои убӯри осон ва сареъи мошинҳои боркаш ва низ тавсеаи иртибототи рейлии Эрон ва Тоҷикистон аз тариқи шабакаи роҳи оҳани Осиёи Марказӣ аз мавзуоти бисёр муҳимме аст, ки дар раванди муносиботи Эрону Тоҷикистон зарурат дорад аз сӯи ҳар ду тараф тавваҷӯҳи вижае ба он сӯрат гирад.

Бояд тавваҷӯҳ дошт, ки Тоҷикистон бо Эрон ҳаммарз нест, аммо се вилояти Хуросони Разавӣ, Хуросони Шимолӣ ва Гулистон наздиктарин устонҳои Эрон ба Тоҷикистон ҳастанд, ки дар ҳамоҳангӣ бо Туркманистон мавзӯи парвозҳо, шабакаи рейлӣ, гардишгарӣ, бозорчаҳо ва баҳсҳои гумрукӣ бисёр дорои аҳаммият аст.

Аммо бидуни шакк яке аз заруратҳо ва пешниёзҳои муҳим дар иртиботот ва таомулоти ду кишвар, эҷоди шабакаи расонаии фаъол мебошад, чаро ки дипламатяи расонаӣ, имрӯза пешниёзи дипломатияи фарҳангӣ ва сиёсӣ ва заминасози дигар табодулот ва таомулот, аз ҷумла таомулоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ аст. Эҷоди бистари муносиб ва фаъол барои иттилорасонӣ ва таблиғи дастовардҳои равобит миёни ду миллат ва кишвари дӯст таъкид бар иттиҳоди ақвом ва пешинаҳои таърихии ду миллат дар ин масир яке аз илзомоти муҳимми тавсеаи равобити ду кишвар аст, ки на танҳо дар буъди фарҳангӣ тақвияти ин равобит муассир аст, балки метавонад сатҳи равобити иқтисодӣ ва дигар абъоди дипломасӣ миёни ду кишварро низ тақвият кунад, чаро ки дипломатияи расонаӣ ин рӯзҳо ва дар асри иртибототу иттилоот пешниёз ва пешшарти тавсеаи соири абъоди дипломасӣ, аз ҷумла дипломасии фарҳангӣ ва сиёсӣ аст.

Дар ин росто тақвияти Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” ба унвони танҳо ва ихтисоситарин расонаи фаъол дар сипеҳри расонаии Эрон ва ҳамчунин эҷоди дафтари хабарӣ ва расонаии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари Тоҷикистон, аз ҷумлаи роҳбурдҳои муҳими тавсеаи равобити фарҳангӣ ва тақвияти дипломатӣ дар соири арсаҳо низ маҳсӯб мегардад.

Ҳавзаи баъдӣ, ки муттаассифона бо вуҷӯди пайвандҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии наздики Эрон бо Тоҷикистон токунӯн мағфул монда, ҳавзаи иҷтимоӣ ва аз ҷумла баҳси гардишгарӣ аст ва умед меравад, ки фазои ду кишвар ба тадриҷ ба самате пеш баравад, ки тарафайн дар ростои лағви визо(раводид) гом бардоранд то бад-ин тариқ шаҳрвандони ду кишвар, ки алоқаҳои хосе низ ба ҳувияти фарҳангии якдигар доранд бо суҳӯлати бештаре битавонанд дар таомулоти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳим шаванд. Агар ин мавзӯ муҳаққақ шавад ва равобити Эрону Тоҷикистон аз вазъияти давлатӣ хориҷ шавад ва ҷанбаи мардумитаре ба худ бигирад, ҳавзаҳои васеъе аз ҳамкорӣ байни нухбагон ва марокизи донишгоҳӣ ва илмии ду кишвар ва низ ҳунармандони эронӣ ва тоҷикӣ дар заминаи расона, синамо, театр ва мусиқӣ вуҷӯд дорад, ки метавонад равобити ду кишварро вориди марҳала ҷадиде кунад, ки бо тавваҷуҳ ба пайвандҳои куҳан ва наздики таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии эрониён ва тоҷикон, бистар ва фазои муносибе дар ин замина вуҷӯд дорад.

Яке дигар аз ҳавзаҳои муҳимми таомулоти ду кишвар, бавижа дар айёми ҳозир, ҳавзаи ҳамкориҳои амниятии муштарак аст. Ба хусӯс дар ҳавзаи Афғонистон ҳам метавон ба сӯрати сеҷониба байни Теҳрон, Душанбе ва Кобул ин ҳамкориҳоро дунбол кард ва ҳам ба сӯрати чандҷониба бо ҳузури кишварҳои дигаре ҳамчун Узбекистон, Туркманистону Тоҷикистон, ки се кишвари Осиёи Марказии ҳамсояи Афғонистон маҳсуб мешаванд.

Дар ин замина, мавориде ҳамчун баҳси терроризм, ҳузури ДИИШ дар Афғонистон, марзбонӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва омӯзиши нерӯҳои марзбонӣ ва интизомӣ метавонад мавриди тавваҷӯҳи тарафайн қарор гирад.

Дар як нигоҳи куллӣ метавон гуфт, Тоҷикистон ба далели ҳамсоягии забонӣ ва фарҳангӣ бо Эрон ба таври суннатӣ аз аҳдофи аслии дипломати минтақаии Эрон маҳсӯб мешавад, ки лозим аст дар давлати сездаҳум низ илова бар равобити дукишвар дар сатҳи минтақа ба иртиқои равобити дуҷониба авлавият дода шавад, ки барои ҳар дукишвар низ аз аҳаммияти вижае бархӯрдор хоҳад буд, зеро илова бар манофеъи иқтисодӣ ва геополитикӣ, ки пеш аз ин ба-дон ишора шуд, Тоҷикистон ва Эрони исломиро, ки ҳар ду аҷзои як фарҳанг ва тамаддуни дерина ҳастанд, метавонад аз масири афзоиши таомулоти тиҷорӣ ба наздикии ҳарчӣ бештари фазои тамаддунӣ, тахрихӣ ва забонии ду миллат, ки асле ҳувиятӣ барои онҳо маҳсӯб мешавад, наздик гардонад.