Сентябр 16, 2021 11:24 Asia/Dushanbe
  • 500 хабарнигор ҷаласоти байналмилалии шаҳри Душанберо пушиши расонаӣ медиҳанд

500 хабарнигори дохлӣ ва хориҷӣ нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанберо пушиши расонаӣ медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ин дар ҳоле аст, ки нахустин бор аст, ки дар шаҳри Душанбе нишасти муштараки сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай а Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба манзури баррасии авзои Афғонистон баргузор мешавад.

Барои тасҳил дар пушиши расонаии ин нишастҳо дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоишгарҳое насб шуда, ки ҷаласотро зинда ва мустақим пахш мекунад.

Нишасти муштараки сарон ва масъулони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Душанбе 17 сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Бештар бихонед:

Барчасп