Бозтоби нишасти СҲШ дар расонаҳои Тоҷикистон
(last modified Fri, 17 Sep 2021 12:08:08 GMT )
Сентябр 17, 2021 17:08 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе 17.09.2021
    Нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе 17.09.2021

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷараён дорад.

Ин нишаст дар расонаҳои Тоҷикистон бозтоби густардае доштааст.

Хабаргузории «Спутник» -и Тоҷикистон менависад: Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе идома дорад. Созмони Ҳамкории Шанхай ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гардид.

Сомонаи «Спутник»-и тоҷикӣ дар идома, ба сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон пардохта навиштааст: Раиси ҷумҳурии Эрон дар бораи аҳамияти ин сафар гуфтааст: Пас аз нишасти Шанхай бо Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар сатҳҳои гуногун анҷом хоҳанд дод, ки дар зимни он имзои чанд созишномаву қарордод дар назар аст.

Ҳамзамон раиси ҷумҳурии исломии Эрон иҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорияш бо кишварҳои Осиё густариш ёбад.

Спутник навиштааст: Эрон то кунун дар Созмони Ҳамкории Шанхай ба ҳайси нозир ширкат мекард ва дар нишасти ин созмон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, дар назар аст, ба ҳайси узви комилҳуқуқ пазируфта шавад.

Хабаргузории давлатии «Ховар» изҳори назари профессор Абдулхалил Ғафурзода, раиси Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистонро дар бораи аҳамияти нишасти ин созмон дарҷ кардааст. профессор Абдулхалил Ғафурзода гуфтааст, ки Созмони ҳамкории Шанхай, ки 60 дарсади қаламрави АвруОсиёро фаро гирифтааст ва дорои нисфи ҷамъияти кураи Замин аст, аз пурнуфузтарин созмони ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ӯ дар бораи нақши Тоҷикистон дар ин созмон мегӯяд: Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалӣ ва иштирокчии фаъоли он буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Вай мегӯяд: Мутобиқи муқаррароти Созмони Ҳамкории Шанхай, соли 2021 раёсат дар созмони мазкур аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, ки он ба 20-солагии таъсиси ин созмони бонуфуз рост омад.

Ҳамзамон, Муҳаммадамин Боймуҳаммадов, доктори улуми иқтисодӣ дар суҳбаи бо «Ховар» дар бораи барномаҳои ояндаи ин созмон гуфтааст:  Созмони ҳамкории Шанхай аз як сол ба соли дигар стратегияи худро муайян мекунад, вале бояд стратегияи ин созмон то соли 2050 муайян карда шавад. Зеро қаламрави ин созмони байналмилалӣ хеле бузург шудааст ва ба он беш аз 38 кишвари ҷаҳон шомил мешаванд. Бинобар ин бояд барномаҳое тарҳрезӣ шавад, ки тӯлонимуддат бошанд. Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар ҳудуди кишварҳои узви асосии ин созмон бояд ба тоҷирону соҳибкорон, сармоягузорон ва шахсони масъули давлатӣ барои рафту омад гузарномаи шаҳрвандони Созмони Ҳамкории Шанхай дода шавад.

Хабаргузории «Азия Плюс» дар матлабе таҳти унвони «Владимир Путин аз оғози расмиёти пазируфтани Эрон ба узвияти Созмони Шанхай дастгирӣ кард», гузориш додааст: Русия ҷонибдори оғози расмиёти пазируфтани Эрон ба ҳайати Созмони Ҳамкориҳои Шанхай аст. Дар ин бора рӯзи ҷумъаи 17 сентябр раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин хабар дод.

Ӯ таъкид кард, ки Русия ба масъалаҳои ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай бо кишварҳое, ки мехоҳанд бо ин созмон муколамаи ошкоро ва баробар барпо кунанд, таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, инчунин имкони пайвастан ба кори онро баррасӣ мекунад.

Путин дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Шанхай гуфт: Русия тасмим дар бораи оғози тартиби қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин созмонро ки ҷиҳати таъйид ба Шӯрои сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳод шудааст, дастгирӣ мекунад.