Сентябр 18, 2021 08:54 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои муштараки ҳимоятҳои иҷтимоӣ бо Тоҷикистон

Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон гуфт, бо тавваҷуҳ ба тавофуқоту тафоҳумоти сарони Эрону Тоҷикистон ва тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва иҷтимоии дуҷониба, вазифаи ду вазоратхона аст, ки ин тафоҳумотро таҳаққуқ бахшанд.

Ба гузориши маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии вазорати таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон, Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ, ки ба ҳамроҳи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон сафар кардааст дар дидор бо Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, давлати сездаҳум таъкиди вижае бар тавсеаи равобит бо кишварҳои минтақа дорад.

Вай, зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор ва табрики 30-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар ишора кард ва гуфт, Тоҷикистон дар муносиботи минтақа ҳамвора ҷойгоҳи муҳимме барои Эрон дорад.

Вай идома дод, бояд нисбат ба баргузории нишастҳои коршиносӣ барои тадвини барномаҳои иҷроӣ ва иттихози роҳкорҳои муносиб иқдом кунем.

Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ аз омодагии комили ҳамкорӣ дар тамоми ҳавзаҳои муштарак бавижа ҳимоятҳои иҷтимоӣ бо Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ду кишвар таҷрибиёти бисёр арзишманде дар заминаҳои беҳзистӣ, хадамоти тавонбахшӣ ва тавонмандсозии маълулон доранд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ дар ин дидор зимни табрики интисоби Абдулмаликӣ ба унвони вазири таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар таъкид кард.

Вай аз ҳамкорӣ ва кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Тоҷикистон дар даврони шуюи корона ташаккур ва қадрдонӣ кард.

 

Барчасп