Сентябр 21, 2021 13:32 Asia/Dushanbe
  • Дастури афзоиши 28 дарсадии маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Риси Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони афзоиши 28 дарсадии маош ва дастмузди моҳонаи кормандони Академияи миллии илмҳои ин кишварро имзо кард.

Ба гузориши сомонаи дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин иқдом ҳимоят аз кормандони ин ниҳоди илмӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии онон байн шудааст.

Таъкид мешавад, ки афзоиши 28 дарсадии маош ва дастмузди моҳонаи кормандони Академияи миллии улуми Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли ҷорӣ муҳосиба ва пардохт хоҳад шуд.

Шариф Раҳимзода, вазири қаблии рушди иқтисод ва тиҷорат ва мудири феълии пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон бо истиқбол аз ин иқдом гуфтааст, ки миёнгини маоши моҳонаи кормандони аршад ва маъмулии ин ниҳод байни 700 то 2 ҳазору 200 сомонӣ мебошад, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоии онон кумак хоҳад кард.

 

Бештар бихонед: