Пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи коҳиши касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон
Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистонро барои соли ҷорӣ пешбинӣ кард.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст, ки касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2021 коҳиш ёфтааст ва ба 2,6 дарсад аз тавлиди ноҳолси миллии ин кишвар хоҳад расид.
Коршиносони Бонк Ҷаҳонӣ муътақиданд, ки фишори ношӣ аз паёмадҳои бемории Ковид - 19 бар буҷети Ҳукумати Тоҷикистон шадид мебошад, ки ҳазинаҳои изофиро барои бахши беҳдошту дармони ин кишвар дар пай хоҳад дошт.
Ҳамчунин бахшҳои энержӣ ва тарҳҳои ҳамлу нақл ба далели афзоиши қимати сӯхт дар Тоҷикистон муҷиби ҳазинаи манобеи молии бештар аз буҷаи ҳукумат мешавад. Аз сӯи дигар, Ҳукумати Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ барои пардохти манобеи молӣ ба хонаводаҳои осебпазир аз густариши Ковид - 19 иқдом кардааст, ки дар шароити коронаӣ бо коҳиши фаъолиятҳои иқтисодиву тиҷорӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои ҳимоят аз буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити густариши бемории Ковид - 19 дар соли ҷорӣ беш аз 150 миллион доллар кумаки ройгон расонидаанд.
Бештар бихонед:
- Баррасии ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе
- “Эксимбонк” ва Бонки Ҷаҳонӣ бузургтарин вомдиҳандагон ба Тоҷикистон
- Барномарезии Бонки миллии Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои бонкҳои варшикаста