Тазриқи воксани корона ба ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон
40 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон алайҳи вируси корона ваксина шуданд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то 20 сентябри соли ҷорӣ ҳудуди 40 дарсад аз шаҳрвандони болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ карданд.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, дар ин муддат 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар дар Тоҷикистон воксани корона дарёфт карданд, ки ҳудуди 39, 6 дарсад аз ҷамъияти кишвар аст.
Аз ин теъдод ба 1 миллиону 565 ҳазору 281 нафар дозаи дувуми воксани корона тазриқ шудааст.
Ҳамчунин то кунун 99, 6 дарсад аз сокинони болои 18 соли пойтахт ҳам воксани корона тазриқ карданд.
Теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон то кунун ба 17 ҳазору 84 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 948 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Теъдоди фавтшудагони беморони коронаӣ бидуни сабти мавриди ҷадид ҳамон 124 нафар аст.