Сентябр 22, 2021 15:35 Asia/Dushanbe
  • Сохти урдӯгоҳ барои паноҳандагони афғонистонӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз сохти урдӯгоҳ барои искони паноҳандагони афғонистонӣ хабар доданд.

Ба гузориши сомонаи “Топ Тҷ”, ин урдӯгоҳ бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Хирманҷо ва дар наздикии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон сохта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти ин ноҳия, қарор аст намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо сафар ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, аз макони сохти ин урдӯгоҳ дидан кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Иттиҳоди Аврупо қаблан барои кумак ба паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон 160 ҳазор евро ихтисос дода буд.

Ин иттиҳодия эълом карда буд, ки то 14 сентябри соли ҷорӣ дар вилоятҳои Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон 5 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ искон дода шудаанд.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо муътақиданд, ки имкон дорад то охири соли 2021 ҳудуди 50 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ вориди Тоҷикистон шаванд.

 

Бештар бихонед: