Озодии Баракатуллоҳ Ғозиев бо раъйи додгоҳи шаҳри Қазони Русия
Бо раъйи додгоҳи шаҳри Қазони Русия Баракатуллоҳ Ғозиев, фарзанди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, яке аз чеҳраҳои собиқи динии Тоҷикистон озод шуд.
Ба гузориши сомонаи “ТОП ТҶ”, Баракатуллоҳ Ғозиеви 35 сола августи соли ҷорӣ дар Қазони Русия ба дархости мақомоти қазоии Тоҷикистон боздошт шуд.
Ӯ қарор буд ба Тоҷикистон истирдод шавад.
Иттиҳоми Баракатуллоҳ Ғозиев хиёнат ба ватан ва доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ эълом шуд.
Аммо ба далели ин ки пас аз гузашти 45 рӯз аз боздошти вай дархосте аз мақомоти қазоии Тоҷикистон дар хусуси истирдоди Ғозиев ба мақомоти шаҳри Қазон ирсол нашуд, додгоҳ ҳукми озодии ӯро содир кард.
Ин дар ҳоле аст, ки ду бародари вай бо номҳои Сайидмуҳаммад Қиёмиддин ва Сайидҳасан Қиёмиддин ба иттиҳоми хиёнат ба ватан дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба 11 ва 13 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, падари онон низ дар соли 2017, дар Санкт -Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд, ки бо ҳукми додгоҳи олии ин кишвар ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.
Вай моҳи майи соли 2019 дар пайи ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдат кушта шуд.