Сентябр 27, 2021 18:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими арбаъини ҳусайнӣ дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон

Маросими арбаъини ҳусайнӣ бо ҳузури сафири Ҷумҳурии исломии Эрон ва эрониёни муқими Тоҷикистон дар маҳали сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, маросими арбаъини ҳусайнӣ рӯзи душанбе бо ҳузури сафир, дипломатҳову коргузорони Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷамъи зиёде аз эрониёни муқими Тоҷикистон дар маҳали сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд .

Дар ин маросим Муҳаммадтақии Собирӣ-сафири Эрон дар Тоҷикистон дар хусуси фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн ( ъ ) ва таъсири он бар ҷомеъаи башарӣ ва тақоруни арбаъини ҳусайнӣ бо ҳафтаи дифои муқаддас матолиберо баён кард .

Ин маросим бо марсияхонӣ ва сӯгвории шуҳадои ҷовиди Карбало идома ёфт ва бо иқомаи намози ҷамоати зуҳру аср поён ёфт.
Имрӯз ( душанбе ) 20 сафари 1443 ҳиҷрии қамарӣ ( 27 сентябри 2021 ) арбаъини саййиду солори шаҳидон ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн алайҳи ассалом ва асҳоби бовафои эшон дар саҳроӣ Карбало аст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп