Сентябр 28, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Алоқаи сармоягузорони хориҷӣ барои истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ вуҷуди конҳои фаровон дар Тоҷикистонро аз далоили афзоиши сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ, ин ниҳоди молии байналмилалӣ дар тозатарин гузориш бо унвони «Иқтисоди дар ҳоли беҳбудӣ ва мушкилоти Тоҷикистон» таъкид кардааст, омили муҳими афзоиши сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар вуҷуди конҳои фаровон аст.

Бар асоси бароварди коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ арзиши сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 118 миллион доллар будааст, ки ин мизон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2020 ҳудуди 43 дарсад афзоиш доштааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, тайи солҳои 2007 то 2020 низ ҳудуди 10 миллиарду 300 милион доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ шудааст .

Чин бо саҳми 30 дарсадӣ, ҳамчунон бештарин мизони сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистонро доштааст.

Русия бо 1 миллиарду 600 миллион доллар, Амрико ба 703 миллион доллар, Англия бо 694 миллион доллар ва Қазоқистон бо 577 миллион доллар дар ин муддат дар радаҳои баъдии сармоягузорони хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон қарор доранд.

 

Бештар бихонед: