Тоҷикистон дар шароити болоравии босуръати нархи сӯзишворӣ воридоти онро кам кард
(last modified Wed, 29 Sep 2021 08:50:15 GMT )
Сентябр 29, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар шароити болоравии босуръати нархи сӯзишворӣ воридоти онро кам кард

Болоравии арзиши сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз оғози сол ба мушоҳида расида, гароншавии босуръати он аз моҳи март шурӯъ шуд.

Бино ба гузориши Радиои Садои Хуросони Тоҷикистон бо истинод ба "Азия Плюс"،Давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 234 млн доллар ҳудуди 389 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 воридоти сӯзишворӣ аз рӯйи вазн ба андозаи 6% коҳиш ёфта, аз рӯи арзиш - 17,8% афзудааст.

Арзиши як тонна маҳсулоти нафтии воридотӣ дар ин давра ба ҳисоби миёна аз 480 доллар дар ҳамин давраи соли гузашта то ба 602 доллар дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Дар зарфи 8 моҳ нархи чаканаи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар 58,9%, гази моеъ - 80%, сӯзишвории дизелӣ (солярка) - 39,4 зиёд шуданд.
Дар дохили ҷумҳурӣ дар ин давра 297 тонна бензин истеҳсол шудааст, ки 50% зиёдтар нисбат ба 8 моҳи соли гузашта мебошад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худ аз хориҷи кишвар маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ворид мекунад. Таҳвилгари асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия боқӣ монда, қисмати зиёди гази моеъ аз Қазоқистон оварда мешавад.
Болоравии арзиши сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар Тоҷикистон аз оғози сол ба мушоҳида расида, гароншавии босуръати он аз моҳи март шурӯъ шуд.
Таъминкунандагон афзоиши бесобиқаи арзиши маҳсулоти нафтиро ба болоравии нархи нафт ва мутаносибан болоравии нархи он дар кишварҳои содиркунанда нисбат медиҳанд медиҳанд.

Ҳамчунин ба якҷониба баста шудани сарҳад дар охири моҳи апрели соли равон аз ҷониби Қирғизистон ишора мешавад, ки аз он ҷо, ба гуфтаи таъминкунандагон, тариқи қочоқ миқдори зиёди сӯзишворӣ оварда мешуд.

Маълумоти бештар: