Сентябр 30, 2021 10:08 Asia/Dushanbe
  • Коршиносони ЮНЕСКО барои омӯзиши осори бостонии Тоҷикистон вориди Душанбе шуданд

Гурӯҳе аз коршиносони Созмони ЮНЕСКО барои омӯзиши осори бостонии Тоҷикистон, ки барои сабт дар феҳристи осори ҷаҳонии ин созмон пешниҳод шудааст, вориди шаҳри Душанбе шуданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин гурӯҳ ба сарпарастии Наталия Турақулова, масъули умури байналмилалии сабти осори бостонии созмони ЮНЕСКО дар шаҳри Душанбе бо Зулфия Бурҳон, мудири кумитаи миллии ин созмон дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

Ҳадаф аз сафари ин гуруҳ ба Тоҷикистон, омӯзиши осори бостонии ин кишвар дар гузаргоҳи Зарафшон – Қароқум мебошад, ки дар ҷодаи қадими Абрешим воқеъ шудааст. Ин ҳавза шомили 9 осори бостонӣ мешавад, ки Қалъаи Муғи Кум ва гарданаи Ҳисорак дар ноҳияи Айнӣ, шаҳраки бостонии Ҳисорак дар ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Санҷаршоҳ, қаноти Тухсан Корез, оромгоҳи Хоҷа Муҳаммади Башоро ва Тали хами тӯда дар ноҳияи Панҷакент воқеъ шудаанд.

Лозим ба зикр аст, ки дар моҳи майи соли 2021 ин осори бостонӣ дар феҳристи пешакии созмони ЮНЕСКО сабти ном шудаанд.