Сентябр 30, 2021 18:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости 15 соли зиндон барои як шаҳрванди Тоҷикистон

Додситонии шаҳри Ваҳдат аз додгоҳ хост, яке аз сокинони ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва мушорикат дар даргирии мусаллаҳона ба 15 соли зиндон маҳкум кунад.

Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, Сулаймон Камолов бародари Олима Камолова гуфт: Хоҳараш ба ҳамроҳи шавҳару се фарзанд дар соли 2015 аз Русия ба Сурия рафт.

Вай афзуд: Ӯ пас аз кушта шудани шавҳараш дар Сурия ба Афғонистон мунтақил ва ҳудуди як сол дар зиндони Пули Чархии Кобул зиндонӣ буд, аммо пас аз вуруд ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Ӯ гуфт: 3 хоҳарзодааш ҳам дар беҳзистӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Сулаймон Камолов муътақид аст, хоҳараш ба иҷбор ба Сурия рафта ва бегуноҳ аст ва бояд афв шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти қазоии Тоҷикистон мегӯянд, садҳо зану кӯдаки тоҷик, ки ба Сурияву Ироқ рафта буданд, пас аз шикасти гуруҳи ДИИШ ва кушта шудани бастагон дар урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон муваффақ ба бозгардонидани 80 кӯдаки тоҷик аз Ироқ шуд, модарони ин кӯдакон бар асоси ҳукми додгоҳи Ироқ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳи террористии ДИИШ зиндонӣ шуданд.

 

Бештар бихонед: