Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i74912-Дидори_вазири_умури_хориҷаи_Тоҷикистон_бо_дабири_кулли_Созмони_Миллали_Муттаҳид
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 04, 2021 11:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид

Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои хуросон ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ин мулоқот тарафҳо дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкории байни Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, башардӯстона, зистмуҳитӣ ва амниятӣ гуфтугӯ карданд.
Муборизаи муштарак бо тероризму ​​ифротгароӣ ва ҳамчунин посухи муассир ба пайомадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии бархоста аз COVID - 19 ,тағироти обу ҳавоӣ ва таъсири он бар манобеи об аз мавзӯъоти аслии ин нишаст буд .
Дар ин мулоқот ҳамчунин тавваҷуҳи вижа ба ироаи кумакҳои башардӯстонаи изтирорӣ ба мардуми Афғонистон ва тақвияти ҳамкориҳои байналмиллалӣ барои ҷилавгирӣ аз фоҷеъаи инсонӣ дар ин кишвар шуд.