Тоҷикистон сафари кӯдакони то 6 соларо ба Русия маҳдуд кард
Ин маҳдудият то 60 рӯзи баъди гирифтани воксинаи зидди бемории фалаҷ амал мекунад.
Бино ба иттилои Радиои тоҷикии Садои Хуросон،Кӯдакони то 6 солаи Тоҷикистон баъди қабули охирин дозаи воксина зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) то 60 рӯз ба Федератсияи Русия сафар карда наметавонанд.
Дар ин бора қарори сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2021 қабул шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиммоӣ кишвар.
Қарори мазкур бо мақсади пешгирии интиқоли вирусҳои бо ваксина алоқаманди зидди бемории фалаҷ аз Тоҷикистон ба ин давлат қабул шудааст.
“Ин ба он хотир аст, ки баъди гирифтани воксинаи оихирини зидди бемории фалаҷ ваксина давоми 60 рӯз дар бадани кӯдак гардиш мекунад ва дар ин давра антитела пайдо мешавад. Аз ин пештар, дар наҷосати баъзе кӯдаконе, ки ба Русия рафтанд, вирус дида шуд. Ба хотири пешгирӣ, дар мувофиқа бо масъулини ин кишвар чунин қарор қабқл карда шуд”,- гуфт ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.
Мавсуф гуфт, қарори мазкур танҳо ба Русия дахл дорад ва дигар давлатҳо то ҳол чунин дархост накардаанд.
Аз вазорат гуфтанд, харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои кӯдакони ваксинашудаи то синни 6 сола танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷати иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.
Дар робита ба масъалаи мазкур ниҳодҳои масъул вазифадор карда шуданд, ки тавассути нуқтаҳои санитарию карантинии фурудгоҳҳои кишвар ва гузаргоҳҳои заминӣ назорати сафари кӯдакони то синни 6 солаи Тоҷикистонро ба Россия дар давраи татбиқи қарори мазкур, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ пурзӯр намоянд.
Аз волидайн даъват ба амал оварда шудааст, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то муҳлати мавриди амал қарор гирифтани он аз сафар бо кӯдакони то синни 6 солаи хеш ба Русия худдорӣ намоянд.
Маълумоти бештар: